Ба гузориши мухбири "Абна", Муҳаммад Боқир Қолибоф дар мусоҳибаи махсуси хабарӣ бо баёни ин ки пас аз Инқилоби Исломӣ метавон якчанд давраи муҳими гуфтушунид ва муқовиматҳои сиёсиро баршумурд, изҳор дошт: хотираҳои гуфтушунидҳои ҳастаӣ ва БАРҶАМ (Барномаи муштараки амали ҳамаҷониба) солҳо дар фазои сиёсии кишвар матраҳ будааст, аммо гуфтушунидҳо ва тағйироти марбут ба ҷангҳои охир, бахусус ҷанги сеюм дар як соли гузашта, аз ҷиҳатҳои гуногун дорои андозаҳои мухталиф мебошанд.
Вай афзуд: ин ҳодиса аз назари густурда ва таъсиргузорӣ, як рӯйдоди бузург ба шумор меравад. Ҳарчанд Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа қарор дорад ва шояд майдони даргирӣ минтақавӣ ба назар расад, аммо паёмадҳо ва оқибатҳои он комилан ҷаҳонӣ мебошанд ва имрӯз низ ин таъсиротро мушоҳида мекунем.
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ бо ишора ба андозаҳои геополитикии ин муқовимат таъкид кард: агар аз манзари ҷуғрофиёи сиёсӣ ба мавзӯъ нигарем, бо ҷанге дучор ҳастем, ки дорои паёмадҳои байналмилалӣ мебошад. Қудрати якуми низомӣ ва қудрати якуми иқтисодии ҷаҳон дар канори режими сионистӣ, ки дорои қобилияти ҳастаӣ ва иқтидори назарраси низомӣ мебошад, дар муқобили Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирифтанд.
Қолибоф идома дод: ин муқовимат танҳо як рӯдарӯии низомӣ набуд, балки дар андозаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва технологӣ низ ҷараён дошт. Дар воқеъ, ду равиш ва ду ҷабҳа дар муқобили якдигар қарор гирифтанд; аз як сӯ равиши истикборӣ ва аз сӯи дигар равиши тавҳидӣ ва ҷабҳаи ҳақ.
Вай таъкид кард: ба назари ман, баррасии андозаҳои ин ҷанг бисёр қобили таваҷҷуҳ ва пандомӯз аст. Қаблан низ гуфта будам, ки мо дар ин муқовимат бар Амрико ва режими сионистӣ пирӯз шудем; зеро онҳо бо ҳадафҳои мушаххас вориди майдон шуданд, аммо ба ҳеҷ як аз ҳадафҳои эълоншудаи худ даст наёфтанд.
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ хотирнишон кард: бо вуҷуди бархурдории тарафи муқобил аз бартариҳои сершумори низомӣ, иқтисодӣ ва технологӣ, натиҷаҳои бадастоварда нишон медиҳанд, ки ҳадафҳои муайяншуда аз ҷониби Амрико ва режими сионистӣ таҳақққ наёфтаанд.
Your Comment